Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни ҷанге, ки 50 сол давом кард


Дастфишории Сантос ва "Тимошенко" дар ҳузури раҳбари Куба Раул Кастро
Дастфишории Сантос ва "Тимошенко" дар ҳузури раҳбари Куба Раул Кастро

Ҳукумати Колумбия ва чирикиҳо аз гурӯҳи чапгарои FARC ба қарордоди оташбасе имзо карданд, ки метавонад ба ҷанги 50-сола дар ин кишвари Амрикои Лотинӣ хотима диҳад. Раисиҷумҳури Колумбия Хуан Мануэл Сантос ва раҳбари FARC Родриго Лондоно, ки бо лақаби “Тимошенко” маъруф аст, рӯзи 23 июн баъди имзои ин қарордод дар Ҳавана, пойтахти Куба дасти якдигарро фишурданд. Сантос гуфт, “ин як рӯзи таърихӣ барои кишвари мост. Мо ба муноқишаи мусаллаҳона бо FARC нуқтаи таммат мегузорем." Оташбас дар пайи имзои созишномаи сулҳе, ки бояд то чанд ҳафтаи дигар амалӣ шавад, ба иҷро медарояд. Тавофуқи рӯзи 23 июн ҳамчунин ҷадвали замонии халъи силоҳ ва замонатҳои амниятӣ ба тақрибан 7000 чирикиеро, ки силоҳи худро ба замин мегузоранд, дар бар мегирад. FARC ҳамчун қаноти низомии ҳизби коммунисти Колумбия ҳанӯз дар солҳои 1960 ба ҷанг алайҳи ҳукумат сар кард. Тайи беш аз 50 соли ин низоъ дастикам 220 000 нафар кушта ва наздики 7 миллион тани дигар бехонавудар шуданд.

XS
SM
MD
LG