Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бино ба натиҷаҳои раъйпурсии рӯзи 23 июн, аксари сокинони Бритониё барои хуруҷи ин кишвар аз ҳайати Иттиҳодияи Аврупо овоз додаанд. Кумиссиюни интихоботи салтанати Бритониё расман эълон кард, ки интихобкунандагони ин кишвар барои хуруҷ аз Иттиҳодияи Аврупо овоз додаанд. Натиҷаҳои эълоншудаи раъйпурсии саросарии рӯзи 23 июн нишон медиҳанд, ки 52 дарсади раъйдиҳандаҳо ба тарафдорӣ аз хуруҷи Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо овоз додаанд ва 48 дарсад – зид. Раҳбари ҳизби истиқлоли Бритониё Найҷел Фарейҷ, ки ба пуштибонӣ аз “хуруҷ” маърака мебурд, гуфт, “субҳи истиқлоли салтанат медамад!” Ӯ ҳамчунин аз сарвазир Девид Камерон даъват кард, ки аз мақомаш истеъфо диҳад. Камерон башиддат аз мардум даъвват мекард, ки ба пуштибонӣ аз мондани Бритониё дар ҳайъати Иттиҳодияи Аврупо овоз диҳанд. Мушовири ӯ гуфт, натиҷаҳои раъйпурсӣ Бритониёро ба “як сарзамини номамълум” табдил медиҳанд.

XS
SM
MD
LG