Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давандаи тоҷик Даврон Атабоев низ ба Олимпиада роҳхат гирифт


Даврон Атабоев, варзишгари тоҷик, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гардид.

Вай дар мусобиқаи 19-уми байналмилалӣ оид ба варзиши сабук барои ҷоизаҳои қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 1980 Татяна Колпакова, ки дар пойтахти Қирғизистон – Бишкек – доир гашт, масофаи 200 метрро дар зарфи 20,50 сония тай намуд. Ин натиҷа ба ӯ имкон дод, ки меъёри литсензияи олимпиро иҷро кунад ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-2016 шавад.

Дар ин бора Рашид Саидов, муовини раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон, рӯзи 24 июн ба “Озодӣ” хабар дод. Ӯ афзуд, “Даврон Атабоеви 23-сола дар бисёр мусобиқоти пурнуфузи байналмилалӣ, ба мисли аввалин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон соли 2010-ум дар Сингапур ва Бозиҳои XVII осиёӣ соли 2014-ум дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ шарафи варзиши Тоҷикистонро ҳимоя кардааст. Вай таҳти раҳбарии мураббиён Ӯлмас Олимов ва Галина Карамишеватамрин мекунад.”

Ҳамин тариқ, то имрӯз панҷ варзишгари тоҷик ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мушарраф шудаанд.

Ёдовар мешавем, варзишгари машҳури тоҷик Дилшод Назаров аввалин шуда аз байни варзишгарони Тоҷикистон соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 гардидааст. Олимпиадаи Рио барои гурзандози машҳури тоҷик Олимпиадаи чаҳорум ҳисоб мешавад.

Баъдан ду паҳлавони тоҷик - Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов- дар риштаи дзюдо ҳуқуқи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016-ро ба даст оврданд. Ҳарду барои аввалин бор дар Бозиҳои олимпӣ ширкат хоҳанд кард.

Инчунин Анвар Юнусов, муштзани тоҷик, дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс байни мардон, ки дар пойтахти Озарбойҷон – Боку - ҷараён дорад, дар вазни то 60 кило ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт ва соҳиби роҳхати олимпӣ гардид. Зимнан, Анвар барои севумин бор дар Бозиҳои олимпӣ иштирок хоҳадкард.

Анвар Юнусов муборизаро барои унвони қаҳрамони мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ дар Боку идома медиҳад. Ӯ дар даври ниманиҳоӣ, ки бегоҳи ҷумъаи 24 июн баргузор мешавад, бо Ҷун Шан аз Чин рақобат мекунад. Сарфи назар аз натиҷаи қувваозмоии ниманиҳоӣ муштзани пуртаҷрибаи тоҷик ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф гашт, зеро ки ӯ ҳадди ақал ҷойи севумро мегирад.

Бояд тазаккур дод, муштзанҳое, ки дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс байни мардон дар Боку дар вазнҳои аз 52 то 81 кило ҷойҳои аз 1-ум то 5-умро мегиранд, соҳибони роҳхатҳои олимпӣ мешаванд. Инчунин финалистони вазни то 49 кило ва ғолибони вазнҳои 91 ва беш а 91 кило роҳхатҳои олимпӣ ба даст меоранд.

​Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, рӯзи 24 июн дар суҳбат бо “Озодӣ” гуфт, ки ба Тоҷикистон дар риштаи шиноварӣ 2 квота (1 мард ва 1 зан) ва дар намуди варзиши сабук 1 квота (зан) ихтисос дода мешавад. Инчунин дар риштаҳои гуштии озод, тирандозӣ ва вазнабардорӣ низ ба Тоҷикистон ихтисоси квота дар назар аст.

XS
SM
MD
LG