Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як омӯзгори ҷавони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб баъди нӯшидани сирко ба бемористон интиқол ёфтааст ва табибон мегӯянд, вазъи сиҳатиаш бисёр бад аст. Гуфта мешавад, ки ӯ баъди ҷанҷоли хонаводагӣ хостааст, худкушӣ кунад.

Шарифҷон Раҳматов, устоди 25-солаи фанни информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, баъди нӯшидани сирко ба бемористон интиқол ёфтааст ва вазъаш вазнин гуфта мешавад.

Давлаталӣ Атоев, сартабиби бемористони вилоятӣ дар Кӯлоб, 24 июн ба Озодӣ гуфт, Шарифҷон аз сиркои ғализ хӯрдааст, ки барои аъзои ҳозима бисёр зараровар аст. Ӯ гуфт. "бисёр зарар дидааст. Рӯдаҳояш осеб дидаанд ва ҳолаташ бисёр вазнин аст. Мақомот низ омада дида рафтанд ва ҳоло нисбат ба ин ҳодиса кор мебаранд."

Ҳамкорони Шарифҷон мегӯянд, ки ин ҳодиса ду рӯз пеш баъди муноқиша бо хонаводааш рух додааст. Шарифҷон Раҳматов дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Кӯлоб ҳамроҳ бо ҳамсараш иҷоранишин будааст.

Як масъули Донишгоҳи давлатии Кӯлоб гуфт, Шарифҷон Раҳматов аз чанд вақт ба ин тараф бо ҳамсараш мушкил дошт ва барои ҷудо шудан аз ӯ ба додгоҳ муроҷиат карда будааст. "Аммо додгоҳ талаби ӯро қонеъ накард," - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Шаҳбоз, яке аз ҳамкорони Шарифҷон Раҳматов, низ ба Озодӣ гуфт, ин ҳодиса баъди мушкилии хонаводагӣ рух додааст. Ба гуфтаи Шаҳбоз, Шариф як писари оромтабиат буд ва ҳеч бовар надоштанд, ки ӯ ба чунин кор даст мезанад.

Мақомоти интизомӣ нисбат ба ин ҳодиса тафтишотро оғоз кардаанд. Як манбаъ аз Шӯъбаи корҳои дохилии Кӯлоб ба Озодӣ гуфт, ҳоло додситонӣ ба таҳқиқи ин ҳодиса шуруъ кардааст, вале нагуфт, ки нисбат ба ин ҳодиса парванда боз шудааст, ё на.

Шарифҷон Раҳматов зодаи ноҳияи Ҳамадонӣ буда, соли 2009 ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дохил шуд ва соли 2013 онро хатм кард. Баъд аз хатми донишгоҳ ӯро ба ҳайси устоди фанни информатика ба кор қабул кардаанд.

Ҳар сол дар Тоҷикистон даҳҳо нафар қасд ба ҷони худ мекунанд. Ҷомеашиносон дар бисёр маврид талоши хушкушии ҷавононро ба нофаҳмиҳо дар хонавода, махсусан ба дахолати волидон дар ташкили оила барои фарзандон марбут медонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG