Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анвар Юнусов - соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-2016


Анвар Юнусов
Анвар Юнусов

Анвар Юнусов, варзишгари маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс миёни мардон соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гардид.

Ӯ дар ин мусобиқа, ки дар пойтахти Озарбойҷон ҷараён дорад, дар вазни то 60 кило ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Анвар Юнусов баъди се пирӯзӣ бар Эдгарас Скурделис (Литва), Алӣ Аҳмад (Покистон) ва Доменеко Валентино (Италия) бо ҳисоби якхелаи 3:0, шаби 23 июн дар даври чорякниҳоӣ Волкан Гоксекро аз Туркия бо ҳисоби 3:0 шикаст дод.

Ба ин тартиб, Анвар Юнусов муборизаро барои унвони қаҳрамони мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ дар Боку идома медиҳад. Ӯ дар даври ниманиҳоӣ, ки бегоҳи 24 июн баргузор мешавад, бо Ҷун Шан аз Чин рақобат мекунад. Сарфи назар аз натиҷаи қувваозмоии ниманиҳоӣ муштзани пуртаҷрибаи тоҷик ба ҳаққи иштирок дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф гашт, зеро ки ӯ ҳадди ақалл ҷойи севумро мегирад.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Шавкатҷон Раҳимов дар вазни то 64 кило пас аз ду пирӯзӣ бар Енок Мвандила Поулсен (Дания) ва Рошиелд Виллямс (Баҳрайн) бо ҳисоби якхелаи 3:0, дар даври чорякниҳоӣ 23 июн аз Кумар Маноҷ (Ҳиндустон) шикаст хӯрд. Агар варзишгари Ҳиндустон, ки ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт, ғолиби мусобиқа шавад, он гоҳ Шавкатҷон Раҳимов ҷойи панҷумро мегирад ва ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи навбатӣ даст меёбад.

Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон Файзен Раҳматшоев дар даврҳои муқаддамотӣ дар вазни то 52 кило ду пирӯзӣ ба даст овард. Вай бар Кирилл Сериков (Эстония) ва Абел Кебеде Туфа (Эфиопия) бо ҳисоби якхелаи 3:0 ғалаба кард. Баъдан Раҳматшоев дар даври ҳаштякниҳоӣ аз Винсензо Пикардӣ (Италия) бо ҳисоби 0:3 мағлуб гашт ва аз идомаи мубориза барои роҳхати олимпӣ маҳрум шуд.

Инчунин муштзани тоҷик Бахтиёр Мирзомуҳаммад, ки дар вазни то 69 кило дар нахустин қувваозмоияш Даниел Бабикро аз Словения дар оғози раунди севум бо нокаути фаннӣ шикаст дод, дар даври баъдӣ аз Аббос Бороу (Олмон) бо ҳисоби 0:3 мағлуб гашт ва аз роҳхати олимпӣ бенасиб монд.

Чаҳор муштзани дигари тоҷик - Баҳодур Усмонов (56 кг), Шаббос Неъматуллоев (75 кг), Меҳрубон Сангинов (81 кг) ва Ҷаҳон Қурбонов (91 кг) - дар даври муқаддамотӣ ноком шуда, аз мусобиқа хориҷ гаштанд. Аз ҳашт муштзани тоҷик алъон танҳо як нафар - Анвар Юнусов - соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-2016 шудааст.

Анвар Юнусов
Анвар Юнусов

Бояд тазаккур дод, муштзанҳое, ки дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс байни мардон дар Боку дар вазнҳои аз 52 то 81 кило ҷойҳои аз 1-ум то 5-умро мегиранд, соҳибони роҳхатҳои олимпӣ мешаванд. Инчунин финалистони вазни то 49 кило ва ғолибони вазнҳои 91 ва беш а 91 кило роҳхатҳои олимпӣ ба даст меоранд.

Зимнан, Анвар Юнусов чорумин варзишгари тоҷик аст, ки ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мушарраф шудааст. Ёдовар мешавем, варзишгари машҳури тоҷик Дилшод Назаров аввалин шуда аз байни варзишгарони Тоҷикистон соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 гардидааст. Олимпиадаи Рио барои гурзандози машҳури тоҷик Олимпиадаи чаҳорум ҳисоб мешавад.

Инчунин боз ду варзишгари тоҷик - Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов - дар риштаи дзюдо ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф шудаанд. Ҳарду барои аввалин бор дар Бозиҳои олимпӣ ширкат хоҳанд кард.

Анвар Юнусов барои севумин бор соҳиби роҳхати олимпӣ шудааст. Вай соли 2008 дар Олимпиадаи Пекин дар вазни то 51 кило байни панҷ муштзани беҳтарини дунё ҷойгир шуда буд. Соли 2011-ум дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон дар вазни то 56 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гашт ва соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Лондон-2012 гардид, вале дар ин Олимпиада дар даври муқаддамотӣ шикаст хӯрд.

Ӯ соли 2011 дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтааст.

Анвар Юнусов 1 феврали соли 1987 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, 15 соли охир боз ба бокс машғул аст. Вай нахуст мактаб-интернати ҷумҳуриявии тамоюли варзишӣ ва соли 2008 Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимовро хатм намудааст. Ӯ то соли равон таҳти раҳбарии мураббии маъруфи бокс Мирзо Шамсиев тамрин мекард. Феълан Анварро мураббии шинохта Аббос Неъматуллоев машқ медиҳад. Анвар Юнусов орзу дорад, ки дар Олимпиадаи Рио-2016 соҳиби медали олимпӣ шавад.

XS
SM
MD
LG