Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хадамоти приставҳои Ҷумҳурии Бошқирдистони Русия хабар дод, ки аз аввали сол бо ҷурми вайрон кардани қоидаҳои будубош танҳо дар ин минтақа 256 муҳоҷири ғайриқонуниро аз ҳудуди Русия берун кардаанд. 149 тан аз ихроҷшудаҳо аз Узбакистон ва 45 тани дигараш аз Тоҷикистон будаанд. Ҳамаи ин 256 нафар бо ҳукми додгоҳҳо барои 5 соли оянда аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум шудаанд. Тайи соли гузашта аз Бошқирдистон 588 муҳоҷир, низ аксаран аз Узбакистону Тоҷикистон берун карда шуданд. Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, шумори он шаҳрвандони тоҷике, ки то 26 марти соли ҷорӣ ба далели ихроҷ ё берункунӣ аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд, ба 330 ҳазор нафар расидааст.

XS
SM
MD
LG