Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Намози ҷанозаи сӯфии маъруф дар кӯчаи Ибни Сино


Рӯзи 23 июн дар маросими дафни яке аз маъруфтарин ҳунармандони сӯфии Покистон Амҷад Сабрӣ дар шаҳри Карочӣ ҳазорон нафар гирд омаданд. Амҷад Сабрӣ рӯзи 22 июн дар натиҷаи як ҳамлаи, ба гуфтаи пулис, террористӣ кушта шуд. Мошини Сабриро дар роҳ ба як барномаи телевизионии бахшида ба моҳи Рамазон ду марди мусаллаҳи савори мотосикл гирд карданд ва ӯро куштанд. Намози ҷанозаи Сабрӣ дар кӯчаи Ибни Синои Карочӣ ҳам сунниҳо ва ҳам шиъаҳоро дар як саф овард. Бисёриҳо нола меандохтанду бархеи дигар дар ин маросим таронаҳои маъруферо, ки Амҷад Сабрӣ дар сабки Қаволӣ иҷро мекард, замзама мекарданд. Масъулияти қатли ҳунарманди маъруфро Таҳрики Толибони Покистон ба дӯш гирифт. Тасаввуф ё суфизм як равияи орифонаи дини Ислом аст, ки дар Покистон миллионҳо пайрав дорад. Вале ифротиёне, чун Толибон, суфизмро “бидъат” меноманд.

XS
SM
MD
LG