Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ошкор шудани 138 "зархарид" дар Беларус


Як узви баталйони "Азов" бо лақаби "Беларус"

Як узви баталйони "Азов" бо лақаби "Беларус"

Раиси КГБ – Кумитаи давлатии амнияти Беларус гуфт, аъмоли 138 шаҳрванди Беларус, ки бовар меравад, дар шарқи Украина ҷангидаанд, таҳқиқ мешавад. Валерий Вакулчик рӯзи 23 июн гуфт, гумон меравад, ки ин афрод қисме аз тарафи ҳукумати Украина ва қисме аз ҷониби ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Русия дар Донетску Луҳанск ҷангидаанд. Вакулчик афзуд, ки ҳамаи ин 138 нафар ба ширкат дар ҷанг дар кишвари хориҷӣ ба ҳайси зархарид айбдор мешаванд. Моҳи апрел, Беларус қонунеро қабул кард, ки ширкати шаҳрвандонаш дар ҷангҳои хориҷӣ ба ҳайси зархаридро ғайриқонунӣ ва ҷиноят таъбир мекунад. Дар ҷангҳои шарқи Украина аз моҳи апрели соли 2014 ба ин сӯ беш аз 9300 нафар ҷон бохтаанд.

XS
SM
MD
LG