Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақоми 153-юми Тоҷикистон дар рейтинги кишварҳои бойтарин


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Маҷаллаи амрикоии “Global Finance Magazine” дар раддабандии бойтарин кишварҳои дунё Тоҷикистонро дар байни 185 кишвари ҷаҳон дар мақоми 153-ум, байни Папуа – Гвинеяи нав ва Чад ва Вануату гузоштааст. Тоҷикистон дар ин раддабандӣ дар байни кишварҳои паосшӯравӣ ва ҳамин тавр, дар Осиёи Марказӣ дар зинаи аз ҳама пойин қарор дорад. “Global Finance Magazine” мизони сарватмандии ҳар кишварро бар асоси ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилиаш бар ҳар сари аҳолӣ баровард мекунад. Дар раддабандӣ, ба сурати умум, Қатар, Люксембург, Сингапур, Бруней ва Кувайт кишварҳои бойтарини дунё ва кишварҳои африқоии Либерия, Малави, Конго ва Африқои Марказиро баракс кишварҳои аз ҳама қашшоқи дунё номбар шудаанд. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолии Қатар 146 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон ин рақам танҳо 2830 доллар будааст. Аз кишварҳои дигари минтақа дар раддабандии кишварҳои бойтарини дунё Қазоқистон зинаи 50, Русия - 51, Туркманистон – 77, Узбакистон – 127 ва Қирғизистон мақоми 142-юмро гирифтаанд. Афғонистон дар зинаи 162 омадааст.

XS
SM
MD
LG