Пайвандҳои дастрасӣ

Нозирони милисаро дар Суғд латукӯб кардаанд


Дар як посгоҳи назоратӣ дар вилояти Суғд байни ронандаву мусофири як мошин ва нозирони роҳ муноқиша сар задааст ва маъмурони милиса маҷбур шудаанд, ки аз аслиҳа истифода кунанд. Як манбаъи мӯътамад дар раёсати умури дохилии вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодиса рӯзи 23-уми июн дар посгоҳи байни ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Конибодом, тахминан 30 километрии шарқи Хуҷанд рух додааст.

Ба гуфтаи ӯ ронанда ва мусофири як мошин баъди нигаҳ доштани мошинашон бо нозирони роҳ муноқиша ва маъмурони милисаро латукӯб кардаанд. Нозирони роҳ маҷбур шудаанд, барои хотима додани муноқиша ба ҳаво оташ кушоянд. Касе дар ин муноқиша захмӣ ва ё кушта нашудааст.

Мусофиру ронанда сокинони ноҳияи Ҳисор дастгир шудаанд вал узви кадом гурӯҳи ҷиноӣ нестанд. Мақомоти интизомӣ сабаби ҷанҷолу занозанӣ бо нозирони роҳро таҳқиқ мекунанд. Байни ноҳияҳои Ғафурову Конибодом танҳо як посгоҳи пулис ҳаст, ки он ҷо чанд нозирони мусаллаҳи роҳ убуру мурури нақлиёти Тоҷикистону Қирғизистонро назорат ва гоҳе мошинҳоро нигаҳ дошта тафтиш мекунад.

XS
SM
MD
LG