Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукми умрбоди қотилони Абдуллоҳ Бухорӣ


Абдуллоҳ Бухорӣ

Абдуллоҳ Бухорӣ

Додгоҳи ноҳияи Боқиркӯйи шаҳри Истамбули Туркия ду нафарро бо ҷурми қатли рӯҳонии маъруфи узбак Мирзоғолиб Ҳамидов, ки бо номи Абдуллоҳ Бухорӣ маъруф буд, ба ҳабси абад маҳкум кард. Шаҳрванди Туркия Элдор Аслан дар қатли Абдуллоҳ Бухорӣ дар таърихи 10 декабри соли 2014 ва шаҳрванди Узбакистон Собир Шукуров дар ташкили ин куштор гунаҳкор шинохта шуданд. Ҳукми онҳо рӯзи 21 июн содир шудааст. Абдуллоҳ Бухорӣ аз Андиҷони Узбакистон буда, солҳои охир дар Туркия ба сар мебурд. Бино ба гузоришҳо, ин имом бо ақидаҳои бунёдгароёнааш машҳур буд. Ин нахустин мавриди сӯиқасд ба ҷони рӯҳониёни мухолифи ҳукумати кунунии Узбакистон дар хориҷ нест. Дар соли 2012 Обидхон-қорӣ Назаров, имоми собиқи яке аз масҷидҳои Тошканд, дар Шветсия ҳадафи сӯиқасд қарор гирифт ва то ҳол таҳти табобат қарор дорад. Бо ҷурми қатли ӯ додгоҳи Шветсия моҳи марти соли равон Юрий Жуковский ном зодаи Узбакистонро ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG