Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

100 вакили демократ - дар рӯи фарши Конгресс


Вакилони ҷумҳурихоҳ дар Конгресси Амрико талош кардаанд, ки ба эътирози вакилони демократ нуқта гузоранд. Демократҳо дар рӯи фарши Конгресс нишаста, гуфтаанд, ки то замоне ки аксарияти ҷумҳурихоҳ ба қонун дар бораи қоидаҳои ҳифзи силоҳ овоз надиҳанд, монеи ба таътили бахшида ба 4 июл – рӯзи истиқлоли Амрико рафтани Конгресс хоҳанд шуд. Вакилони ҷумҳурихоҳ баногоҳ нимашаби гузашта дар Конгресс ҷамъ шуда, демократҳоро ғофилгир краданд. Онҳо ба қонуни маблағгузории барномаи мубориза бо вируси зика овоз дода, сипас дар мавриди таътили корашон то 4 июл қарор қабул карданд. Аммо демократҳо мегӯянд, ба эътирози худ ҳатто бидуни камераҳову рӯшноӣ идома хоҳанд дод. Дирӯз ҳудуди 100 вакили демократ худро болои гилемҳои толори Конгресс партофта, аз иҷрои даъватҳои раиси Маҷлиси намояндагон аз ҳизби ҷумҳурихоҳ Пол Раянро ба барқарор кардани тартибот сарпечӣ карданд. Эътирози вакилон аз тариқи сабтҳои телефонҳои онҳо намоиш дода мешуд, вале ҷумҳурихоҳон шабакаи кабелии Конгрессро маҷбур карданд, ки камераҳоро хомӯш кунад.

XS
SM
MD
LG