Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Допинг сабаби таҳрими 3 тим шуд


Федеросиюни байналмилалии вазнабардорӣ гуфт, тимҳои Русия, Қазоқистон ва Беларусро метавонанд ба далели чандин мавриди допинг дар Олимпиадаҳои гузашта аз ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпии моҳи август дар Рио-Де-Жанейро маҳрум кунанд. Федеросиюн рӯзи 22 июн ин се тимро барои як сол аз ҳаққи ширкат дар сабқатҳои байналмилалӣ маҳрум кард ва гуфт, қарор дар масъалаи манъи ширкати онҳо дар Олимпиадаи Рио баъди бозрасии дубораи Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар мавриди қазияҳои ошкоршудаи допинг дар Бозиҳои олимпии солҳои 2008 ва 2012 гирифта мешавад. Гумонҳое ҳам ҳаст, ки дар пушти истифодаи допинг аз сӯи даҳҳо варзишгари рус давлати Русия истодааст. Аммо вазири варзиши Русия Виталий Мутко, ки низ дар ин қазия дахил дониста мешавад, ин қазияҳоро “дур рафтан аз меъёрҳову арзишҳо” номидааст. Ҳафтаи гузашта тими варзиши сабуки Русия низ ба далели допинг аз ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейро маҳрум шуд.

XS
SM
MD
LG