Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи 23 июн дар Бритониё раъйпурсии машваратие оғоз ёфт, ки суоли асосиаш марбут ба мондан ё намондани кишвар дар Иттиҳодияи Аврупост. Ин нахустин чунин раъйпурсӣ дар Бритониё аз соли 1975 ба ин сӯст. 41 сол пеш Бритониё масъалаи узвият дар Ҷомиаи иқтисодии Аврупоро, ки дар ниҳоят ба Иттиҳодияи Аврупо табдил ёфт, дар маърази пурсиши умумӣ гузошта буд. Назарсанҷиҳои анҷомшуда дар остонаи раъйпурсии 23 июн ҳокист, ки таносуби байни тарафдорони мондан ва хуруҷ аз Иттиҳодияи Аврупо тақрибан баробаранд. Дар ин назархоҳӣ 46,5 миллион аз аҳолии соҳиби ҳаққи овози Бритониё ҳаққи ширкат доранд. Сарвазири Бритониё Девид Камерон аз мардум даъват кард, ки алайҳи ба ном “Brexit” овоз диҳанд. Ӯ гуфт, “бритониёиҳо набояд бароянд.” Натиҷаҳои раъйпурсии Бритониё тавсиявист ва иҷрояш барои мақомоти расмии ин кишвар ҳатмӣ нест.

XS
SM
MD
LG