Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Моро бубахш, ки натавонистем наҷотат бидиҳем" (ВИДЕО)


Тахриби бинои театри Маяковский дар маркази Душанбе оғоз ёфтааст. Ин бино ҳанӯз соли 1928 сохта шуда, нахустин маҷлиси вакилони Душанбе ба раҳбарии Чинор Имомов дар ҳамин бино доир шудааст.

Тахриби бинои театри драмавии русии ба номи Маяковский дар маркази Душанбе оғоз ёфтааст. Ин бино ҳанӯз соли 1928 сохта шуда, дар аввал "Хонаи деҳқон" ном дошт ва нахустин маҷлиси вакилони Душанбе ба раҳбарии Чинор Имомов дар ҳамин бино доир шуда буд.

Алакай дохили бинои театр, аз ҷумла саҳнаҳо, утоқҳо ва овезаҳояш вайрон шуда, кор ба чаппа кардани деворҳои асосии бино расидааст. Мақомот мегӯянд, тахриби театри Маяковский бар асоси нақшаи куллӣ ё асосии Душанбе сурат гирифта, дар ҷояш бинои нави муосир қомат хоҳад афрохт.

Ман ҳеҷ гоҳ ин қадар дард накашидаам
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:15 0:00

Ҳунармандони ин театр рӯзи 23 июн гуфтанд, ки тамоми чизу чораи худро ба театри давлатии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ кӯчондаанд ва ҳоло дар онҷо ба тамринашон идома хоҳанд дод. Дар гузашта Вазорати фарҳанги Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки ҳунармандони театри Маяковский ба кинотеатри “Тоҷикистон” дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии пойтахт бираванд. Аммо ҳунармадони театр гуфтанд, саҳнаву шакли сохти "Тоҷикистон" барои намоишҳои театрӣ мувофиқ нест ва гузашта аз ин роҳаш аз марказ хеле дур асту баъид ба назар мерасад, ки касе барои тамошои намоишномаҳо то онҷо биравад.

Аммо на ҳунармандон ва на раҳбарияти театр ба баҳонаи он ки "ҳарфашон то ин дам ба гӯши касе нарасидааст ва ҳоло хоҳад расид?" дар бораи тахриби бинои театр суҳбат накарданд. Танҳо дар деворҳои ҳоло вайронаи ин театр аз номи ҳайати кормандонаш навишта шудааст, ки “Моро бибахш, натавонистем туро наҷот диҳем.”

Бинои театри русии ба номи Маяковский дар канори бинои Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Рӯдакии Душанбе воқеъ аст. Соли 1930 аз ҳамин бино нахустин барномаи радиои Тоҷикистон бо номи “Радиогазета” бо забонҳои тоҷикиву русӣ ва узбакӣ ба эфир рафта, Вазорати корҳои хориҷии Русия моҳи апрели соли ҷорӣ бо нашри як баёнияи расмӣ ин биноро “муҷассамаи таърихи Тоҷикистон” номида буд.

Қаблан ҳунармандони ин театр бо ирсоли як номаи боз аз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хоста буданд, то ба қазияи ин театр дахолат карда, пеши вайрон карданашро бигирад. Дар театри русии ба номи Маяковский дар маҷмӯъ бо шумули ҳам кормандони эҷодӣ ва ҳам кормандонӣ фаннӣ 98 нафар кор мекарданд.

Дар соли 2013 Нақшаи умумии рушди Душанбе тасвиб шуд, ки тахриби даҳҳо бинои сохти замони Шӯравӣ дар маркази шаҳр, аз ҷумлаи бинои театрҳои Лоҳутиву Маяковский ва чойхонаи “Роҳат” ва бунёди иморатҳои муосир дар ҷои онҳоро пешбинӣ мекунад.

Аммо ин қарор ҷомиаро ба ду гурӯҳ ҷудо кард. Гурӯҳи аввал аз нақшаи рушди шаҳр ҷонибдорӣ мекунанд ва мегӯянд, зербинои Душанбе дар аҳди СССР барои як шаҳри ниммиллионӣ сохта шудааст ва бояд акнун бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисоди шаҳр бозбинӣ шавад. Ба ақидаи ин гурӯҳ, биноҳое, ки тахриб хоҳанд шуд, аӯ нигоҳи арзиши меъморӣ кӯҳнаву аз лиҳози имкони истифода фарсуда шудаанд ва ба нест, агар ба ҷои онҳо биноҳои хуби замонавӣ сохта шаванд.

Аммо мухолифон, бештар аз байни равшанфикрон мегӯянд, ин кор бояд бо назокат анҷом шавад ва ба таъбири якеи онҳо, “набояд ба хотири сохтани Душанбеи асри 21 Душанбеи асри 20-ро аз байн бибарем.”

Ҳоло “Кохи Ҷомӣ” дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонии пойтахт дар ҳоли тахриб шудан аст. Барои ҳамин аксари барномаҳои консертӣ ва намоиши филмҳо аз “Кохи Ҷомӣ” ба Филармонияи давлатӣ кӯчидаанд.

Гузашта аз ин, кормандони дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон низ ба бинои нав дар рӯбарӯи Китобхонаи миллӣ рафтаанд, ки қаблан аз он бинои нави Кумитаи андоз ном бурда мешуд. Як манбаъ гуфт, зоҳиран бинои куҳнаи дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, ки дар замони Шӯравӣ бо номи ЦКА маъруф буд, тахриб нашуда, фақат таъмиру тармим хоҳад гардид.

XS
SM
MD
LG