Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Академик Хуршеда Отахонова рӯзи 23 июн дар синни 84 аз олам чашм пӯшид. Фарҳангистони улуми Тоҷикистон дар номаи таъзияаш Хуршеда Отахоноваро “хоксору фурӯтан ва донишманди боистеъдод” ба қалам дода, даргузашти ин нахустин зани академик дар таърихи илми кишварро “талафоти бузурге барои илми забоншиносии тоҷик” номид. Хуршеда Отахонова 2 сентябри соли 1932 дар Истаравшан ба дунё омада, соли 1953 риштаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кард ва аз ҳамон сол дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти тоҷики Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ба кор сар кард. Хуршеда Отахонова аз соли 1968 узви Иттиҳодияи адибон ва аз соли 1991 узви пайвастаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон буд. Нахустин асари таҳқиқотии ӯ – “Абулқосим Фирдавсӣ” – соли 1960 таълиф шуда, аз академик Хуршеда Отахонова ҳамчунин асарҳое, ба мисли «Раҳим Ҷалил ва эҷодиёти ў» (соли 1962), «Падидаҳои навҷўӣ» (соли 1972), «Аз рўйи меҳр меҳр» (соли 1972), «Таҳаввули жанри достон дар назми муосири тоҷик» (соли 1983), «Масъалаҳои матншиносии адабиёти муосири тоҷик», «Чеҳраҳои шинохта» (соли 2004), «Ду адиби номвар» (соли 2002), «Тадқиқи матншиносии осори адибон» (соли 2010), «Мукотибаи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ» (соли 1978), Лоҳутӣ А. «Куллиёт» (соли 1987), Абулқосим Лоҳутӣ «Номаҳо» (соли 2004), Пайрав Сулаймонӣ «Куллиёт» (соли 2006), Лоҳутӣ А. «Куллиёт» (соли 2010), Деҳотӣ А. «Куллиёт» (соли 1965 ҷ. 1), Суҳайлӣ Ҷавҳаризода. «Девон» (соли 1968),«Ҳусни инсон» (1975, 1984, 2016) ба ёдгор мемонанд. Фарҳангистони улуми Тоҷикистон дар номаи таъзияаш навиштааст, ки ин асарҳо “Хуршеда Отахоноваро ҳамчун матншиноси чирадасти адабиёти муосири тоҷик муаррифӣ мекунанд.”

XS
SM
MD
LG