Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

23 соли зиндон барои қатли “Зафар-Бедняк” (ВИДЕО)


Акси Обид Мақсудов баъд аз лаҳзаҳои боздошташ

Акси Обид Мақсудов баъд аз лаҳзаҳои боздошташ

Додгоҳи Душанбе Обид Мақсудов, писари севуми Эмом Мақсудов (Эмом- Хубак), директори корхонаи кабелсозии Тоҷикистонро бо гуноҳи даст доштан дар қатли тоҷири тоҷик Зафар Азимов (Зафар-Бедняк) ба 23 соли зиндон маҳкум кардааст.

Як манбаъ рӯзи панҷшанбе ба Озодӣ гуфт, ки дар чаҳорчӯби ин парванда як шарики Обид Мақсудов бо номи Маъруф Асоев "барои хабар надодан аз ҷиноят" 3 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.

Алишер Азимов, бародари Зафар Азимов (Зафар-Бедняк) ба Озодӣ гуфт, қаблан намояндаи додситонӣ барои Обид Мақсудов бар асоси қисми 1-и моддаи 104, яъне “куштор” айб эълон карда буд, ки аз 10 то 15 соли маҳрумият аз озодиро дар назар дошт. "Танҳо баъд аз эътирози мо қисми 2-и ҳамин модда, яъне “куштор бо бераҳмии махсус” илова шуда, муҳлати ҳабси Обид Мақсудов бештар гардид," – афзуд ӯ.

Алишер мегӯяд, аз 23 сол ҳабси Обид Мақсудов розӣ ҳастанд, вале аз он нигаронанд, ки то ҳол, ба гуфтаи ӯ, фармоишгари асосии бародараш ҳанӯз дар озодист ва яке дигар аз шарикони Обид Мақсудов то ҳол ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.

Зафар Азимов

Зафар Азимов

Зафар Азимов (Зафар-Бедняк) шоми 18 феврали соли ҷорӣ дар наздикии "Наврӯзгоҳ"-и пойтахт кушта шуд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як рӯз баъди ин ҳодиса гуфт, ки "Азимов Зафархон бо шаҳрванд Обид Мақсудов бо ҳам муноқиша намуда, аз ҳиссиёти авбошӣ, шаҳрванд Мақсудов Ообид бо олоти бо худ дошта, аз қисмати дил шаҳрванд Азимов Зафархонро захмӣ менамояд."

Худи Обид Мақсудов ҳангоми бозпурсӣ ба муфаттишон гуфтааст, ки қатли тоҷири тоҷик Зафар Азимов дар пайи баҳс барои 110 ҳазор доллар қарз сурат гирифтааст.

Ӯ гуфтааст, "ба ӯ гуфтам, ки аз ман 110 ҳазор доллар қарздор ҳастӣ. Ту ҳамин сумро чӣ хел мекунӣ? Хест ва ду бор маро дашном дод. Наистод дар ҳамон ҷо, ки гап занем. Гапҳо пасту баланд рафтанд. Дигар ман ҳам аз контроли худ баромадам. Аз чоқу, ки мисли "открывашка" ҳаст-ку, аз ҳамон истифода кардам."

Зафар Азимов, ки аз зарби корди Обид Мақсудов ба ҳалокат расид, 38 сол дошта, истиқоматкунандаи кӯчаи ба номи Шамсиеви шаҳри Душанбе буд. Зафар Азимов 5 бародар дошта ва онҳо дар "Корвон" -- бузургтарин бозори пойтахти Тоҷикистон соҳиби фурӯшгоҳҳо ва дӯконҳои молу маҳсулот будаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Обид Мақсудови 32-сола, ки ҳоло барои қатли Зафар Азимов зиндонӣ шуд, пештар ҳам доғи судӣ дошта бо ҷурми авбошӣ ҳабс шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG