Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исинбоева: Бегуноҳии худро исбот мекунем


Владимир Путин ва Елена Исинбоева
Владимир Путин ва Елена Исинбоева

Чанд тан аз варзишгарони маъруфи рус, аз ҷумла, чемпиони Бозиҳои олимпӣ Елена Исинбоева, рӯзи 22 июн эълом доштанд, ки ба хотири ширкат дар Олимпиадаи тобистона дар Рио-де-Жанейро ба Додгоҳи арбитражи варзиш муроҷиат мекунанд, то “бегуноҳи”-и худ, яъне аз допинг истифода накарданшро собит намоянд.

Раиси Кумитаи олимпии Русия Александ Жуков ҳам гуфт, бештари варзишгарони рус омодаанд, ки ба Додгоҳи арбитражи варзиш муроҷиат намоянд ва ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпиро дарёфт намоянд.

Як рӯз аз ин пеш Кумитаи байнулмилалии олимпӣ дар нишасте дар шаҳри Лозаннаи Швейсария тасмим гирифт, ки аъзои "бегуноҳ"-и дастаи мунтахаби варзиши сабуки Русия метавонанд дар Бозиҳои Олимпии Рио Де Жанейро ширкат кунанд. Ба гуфтаи раиси Кумитаи байнулмилалии олимпӣ Томас Бах, мавзӯи иҷозаи ҳузури ҳар варзишгари рус дар алоҳидагӣ баррасӣ мешавад – ба Олимпиадаи Рио-де-Жанейро онҳое мераванд, ки аз допинг истифода накарданашонро исбот мекунанд.

Рӯзи ҷумъаи 17 июн Анҷумани байнулмилалии федератсияҳои варзиши сабук ба далели истифодаи допинг аз сӯи варзишгарони рус онҳоро аз ширкат дар бозиҳои Олимпӣ дар Рио де-Жанейро маҳрум кард. Аммо гуфта шуд, ки тасмими ниҳоиро Кумитаи байнулмилалии олимпӣ мегирад.

Моҳи ноябри соли 2015 Оҷонсии байналхалқии зиддидопинг (WADA) дар бораи найрангҳои озмоишгоҳи допингии Москва гузориш дода гуфта буд, ки истифодаи доруҳои манъшуда дар варзиши Русия “ба фарҳанг табдил шуда, давлат ҳам аз он пуштибонӣ мекунад”.

XS
SM
MD
LG