Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳуқуқдонҳои тоҷик истифодаи қонуни муҳокимаи ғоибонаи додгоҳ бар зидди мухолифинро баъйид медонанд, аммо мегӯянд, ки ин қонун ҳуқуқи инсонро поймол мекунад.

Раҳматилло Зойиров, ҳуқуқдони саршиноси Тоҷикистон, дар вокуниш ба ворид шудани тағйирот дар бораи муҳокимаи ғоибонаи парвандаҳои ҷиноятии вазнин ва махсусан вазнин дар додгоҳҳои кишвар гуфт, ки ин амал ҳуқуқи инсонро поймол мекунад, ҳарчанд чунин таҷриба дар бархе аз кишварҳо ба мушоҳида мерасад.

Ба гуфтаи ҷаноби Зойиров, қаблан дар таҷрибаи ҳалномаҳои гражданӣ муҳокимаи ғоибона вуҷуд дошта, аммо дар парвандаҳои ҷиноятӣ ин меъёр нисбати шахсоне истифода мешуд, ки дар қатори чанд нафар муҳокима шуда, нисбати ӯ тафтишоти пешакӣ анҷом шудаасту шоҳидон гувоҳӣ додаанд ва худаш ғайб задааст.

Зимнан, бар асоси тағйироте, ки рӯзи чоршанбеи 22 июн дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистон ворид гардид, нисбати "шахсоне, ки ҷиноятҳои вазинин ва махсусан вазнин содир карда ва дар кишварҳои хориҷ паноҳ бурдаанд", дар ғайбашон парвандаи онҳо дар додгоҳ муҳокима шуда ва нисбаташон муҷозот тайин хоҳад шуд.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, зимни шарҳи зарурати ворид кардани ин тайғирот ба Кодекси мурофаи ҷиноятӣ дар иҷлоси парлумон гуфт: "Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар солҳои ахир шахсоне, ки ҷиноятҳои вазнин ва масхусан вазнин содир кардаанд, барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дар канор мондан, ба хориҷи кишвар паноҳ мебаранд ва парванда нисбати онҳо солҳои зиёд беҳаракат мемонад. Нисбати ин гуна шахсон кофтукови байналмилалӣ эълон шуда ва ба ниҳодҳои байналмилалӣ дархостҳо ирсол шуда бошад ҳам аксаран кофтуков бенатиҷа мемонад. Аз ин лиҳоз, дар бораи ғоибона тафтишот бурдан ва дар суд баррасӣ кардани парвандаи чунин ҷинояткорон ба Кодекси мазкур тағйирот ворид шуд".

Ҳамзамон, ҷаноби Раҳмон таъкид кард, бар асоси тағйироти ворида дар сурати ба ватан баргаштани нафари маҳкумшуда ва шикояташ аз болои ҳукми додгоҳ ҳукмаш бознигарӣ хоҳад шуд.

Ба гуфтаи додситони кулли Тоҷикистон, чунин таҷриба дар додгоҳҳои Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон истифода мешаванд ва парвандаи шахсони ҷинояти вазнин содиркарда бидуни ширкати айбдоршаванда муҳокима шуда ва ҷазо таин мешавад.

Дар иҷлосияи парлумон ҳадафи ворид кардани ин тағйирот "демократикунонӣ ва инсондӯстона гардондани меъёрҳои қонунгузорӣ" унвон шуд, ки дар пайи ислоҳи Кодеси мурофиавии ҷиноятӣ "сифати тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ беҳтар шуда, адолати иҷтимоӣ ва волияти қонун таъмин мешавад". Аз ин лиҳоз, вакилони парлумон аз ин тағйирот якдилона пуштибонӣ кардаанд.

Ҳамзамон, Раҳматилло Зойиров, ҳуқуқдони тоҷик ҳадсу гумонҳоро дар бораи он, ки ин тағйирот ба хотири таъқиби раҳбарони мухолифони тоҷик дар ғурбат, ворид шудааст, бепоя хонд. Масалан, ба гуфтаи ҷаноби Зойиров, то ҳол нисбати Муҳиддин Кабирӣ қарор дар бораи боз кардани парвандаи ҷиноӣ вуҷуд надорад, алайҳи ӯ айбномаи расмӣ эълон нашудааст. Аз ин лиҳоз, муҳокимаи ғоибонаи Муҳиддин Кабирӣ душвор хоҳад буд.

Ӯ гуфт, муҳокимаи ғоибонаи айбдоршаванда дар Тоҷикистон ба мисли эълони гумонбар дар содиркардани ҷинояти вазнин дар кофтукови байналмилалӣ хоҳад шуд, ки бо вуҷуди дархостҳои зиёди ҷониби Тоҷикистон ин ашхос дар кишварҳои хориҷӣ боздошт ва ба кишвар фиристода намешаванд.

Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода

Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода

Дар ҳамин ҳол, Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, ҳуқуқдони саршинос ва вакили Маҷлиси намояндагон, гуфт, ки ҳадаф аз ворид кардани тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ дархост барои боздошти афроди гумонбар набуда, балки "рӯёндани зарарҳои иқтисодии ҷинояткорон" аст, ки дар хориҷи кишвар паноҳ бурдаанд.

Ӯ гуфт, ки ҳадафи аслӣ аз ин тағйирот барқарор кардани зарарҳои иқтисодӣ аст. Масалан, як нафар бо ваъдаи хона сохтан пули мардумро гирифта ба хориҷа мегурезад. Дар натиҷа мардум пули худро гирифта натавониста сарсон мешаванд. Агар айбдоршаванда ихтиёрӣ ин зарарро барқарор накунад, суд аз тариқи мусодираи молу мулкаш ин зарарро барқарор мекунад.

Ҷаноби Холмуҳаммадзода дар мавриди афроде, ки барои содир кардани ҷиноятҳои дигар дар кишваҳои хориҷӣ паноҳ бурдаанд, гуфт, дар сурати айбдор эълон шудан ба ин шахсҳо "доғи судӣ" мерасад."Агар ба Тоҷикистон биёянду аз болои ҳукми суд шикоят нависанд, парвандааашон аз нав дида шуда ва агар сафед шаванд, "доғи судӣ" бардошта мешавад".

XS
SM
MD
LG