Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Штайнмайер: Аз "хатҳои нави марзӣ" дар Аврупо бояд пешгирӣ кард


Вазири умури хориҷии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер ҳушдор дод, ки Аврупо дар рӯ ба рӯи таҳдиди «пайдо шудани хатҳои нави марзӣ» қарор дорад. Ӯ ҳамчунин аз НАТО ва Русия хост, ки ба ҷоий идомаи муқовимати низомӣ, рӯ ба муколамаи дипломатӣ оваранд.

Изҳороти вазири умури хориҷии Олмон рӯзи 22 июн дар Русия, Украина ва Белоруссия нашр шуд.

Дар робита ба илҳоқи нимҷазираи Қрим аз сӯи Русия Штайнмайер гуфтааст, «тағйири якҷонибаи марз бо поймолсозии қавонини байнулмилалӣ ва арҷ нагузоштан ба якпорчагии кишварҳои ҳамсоя моро ба айёме мебаранд, ки, аз нигоҳи мо, бебозгашт гузаштааст ва касе хостори бозгашт ба он айём нест".

Аз ин пеш 18 июн Штайнмайер Паймони НАТО-ро аз эҳтимоли «афрӯхтани оташи ҷанг» бо доир кардани тамринҳои низомӣ дар марзҳои шарқӣ огаҳ карда буд. Ӯ аз Паймон хост, ки ба ҷойи тамрини низомӣ бо Русия муколама ва ҳамкорӣ кунад.

Франк-Валтер Штайнмейер се рӯз пеш пешниҳод карда буд, ки ҳамзамон бо таҳкими раванди сулҳ дар шарқи Украина Иттиҳодияи Аврупо бояд таҳримҳо алайҳи Русияро коҳиш диҳад.

XS
SM
MD
LG