Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Владимир Путин дар Думаи давлатӣ суханронӣ мекунад


Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, рӯзи 22 июн, дар нишасти охирини Думаи давлатӣ, ки мӯҳлати фаъолияти панҷсолааш ба зудӣ поён меёбад, суханронӣ хоҳад кард. Ҳарчанд ин охирин нишасти Думаи давлатии даъвати шашум аст, ваколати вакилони парлумон моҳи сентябр поён меёбад.

Аз ин пеш Владимир Путин дар бораи рӯзи 18 сентябри соли равон баргузор кардани интихобот ба Думаи давлатиро имзо кард.Ин маъракаи интихоботӣ қаблан ба 4 декабр тарҳрезӣ шуда буд.

Интихобот ба Думаи давлатии даъвати ҳафтум дар рӯзи ягонаи раъйдиҳӣ баргузор хоҳад шуд. Қарор аст, ки 225 вакил аз рӯи рӯйхати ҳизбӣ ва 225 вакил дар ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб шаванд.

Ба парлумон ҳизбҳое шомил мешаванд, ки садди панҷдарсадиро гузаштаанд – қаблан қонун гузаштан аз садди ҳафтдарсадиро тақозо мекард.

Дар Думаи давлатии феълӣ ҳизби ҳокими «Русияи воҳид» аз ҳама бештар - 238 курсӣ дорад. Ҳизби коммунист соҳиби 92 мандат, “Русияи боадолат” дорои 64 вакил ва Ҳизби либерал-демократӣ 56 соҳиби ҷой мебошанд.

XS
SM
MD
LG