Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таронаи нави Юлдуз Усмонова дар бораи ШОС (ВИДЕО)


Юлдуз Усмонова

Юлдуз Усмонова

Юлдуз Усмонова, овозхони мардумии Узбакистон, бахшида ба ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (ШОС) тарона иҷро кардааст. Ин ҳамоиш рӯзҳои 23-24 июн дар шаҳри Тошканд баргузор шуда, қарор аст, дар кори он раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок кунад.

Мунтақидон ин таронаи Усмоноваро талоши дигари ӯ барои бозгашт ба саҳнаи бузурги Узбакистон арзёбӣ кардаанд. Бо вуҷуди он ки Юлдуз Усмонова иҷозатномаи Иттифоқи сарояндаҳои "Узбакнаво"-ро дорад, вале ба саҳнаҳои бузург роҳ намеёбаду садояш дар радио ва телевизионҳои ин кишвар шунида намешавад.

Усмоноваи норозӣ дар пайи чунин бархӯрди мақомоти кишвараш маҷбур шуда буд, барои як муддат кишварро тарк карда, дар Туркия кору зиндагӣ намояд. Вай соли 2011 ба Узбакистон баргашт ва тамоми талошашро кард, то ба саҳнаи бузург расман баргардад. Аммо маҳдудият дар фаъолияташро ҳатто Гулнора Каримова, духтари бузурги президенти Узбакистон, ки он замон дар марказҳои қабули қарор нуфӯз дошт, натавонист рафъ кунад.

Юлдуз Усмонова охирҳои соли гузашта дар ҳаққи Ислом Каримов, президенти Узбакистон, низ як тарона хонда, ҳатто аз вай "Подшоҳ" ном бурд. Вале ин тарона ҳам натавонист, ӯро ба саҳнаи бузург баргардонад.

XS
SM
MD
LG