Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА дар рустои Тавилдара беморхона бунёд кард


Сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард дар маросими ифтитоҳи беморхона

Сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард дар маросими ифтитоҳи беморхона

Сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард ва раиси ноҳияи Ҷайҳун Фотеҳ Аминзода дар маросими ифтитоҳи расмии беморхона дар деҳаи Тавилдараи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ширкат намуданд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ рӯзи 22 июн аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд.

Бунёди ин беморхона соли гузашта аз сӯи Гурӯҳи робита бо маъмурияти шаҳрвандӣ ва аҳолии назди сафорати ИМА шурӯъ шуда буд. Беморхона ба тақрибан 1200 сокини русто, ки аксарашон аз ноҳияи Тавилдара баъд аз зилзилаи соли 2012 ба ин ҷо кӯчонида шудаанд, хизмати тиббӣ мерасонад. Аз ин пеш мардуми рустои Тавилдара маҷбур буданд ба наздиктарин беморхонаи воқеъ дар шаҳраки Дустӣ муроҷиат кунанд.

Бунёди беморхона дар деҳаи Тавилдара фақат яке аз лоиҳаҳои сершумор дар раванди ҳамкориҳои ҳукумати ИМА бо мақомоти маҳаллии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва маърифати мардуми ноҳияи Ҷайҳун аст, гуфтанд дар сафорати ИМА дар Тоҷикистон.

XS
SM
MD
LG