Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон ҳукми гумонбаронро дар ғайбашон эълон мекунад


Юсуф Раҳмон

Юсуф Раҳмон

Тоҷикистон аз ин ба баъд ҳукми онҳоеро, ки ба ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин гумонбар буда, вале дар хориҷ паноҳ бурдаанд, дар ғайбашон эълон хоҳад кард. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, 22 июн ҳангоми ислоҳи қонуни мурфоиавии ҷиноятӣ дар порлумон гуфт, кишвар дар гузашта чунин таҷрубаро надошт. “Бо омӯхтани таҷрубаи кишварҳои дигар ба натиҷае расидем, ки бояд дар ғайби чунин гумонбарон тафтишот анҷом шуда ва додгоҳ ҳукмашро эълон кунад,” - афзуд ӯ. Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, агар ин афрод бо хоҳиши худ ва ҳамроҳ бо вакили дифоашон ба кишвар оянд, дар сурати муроҷиати онҳо ҳукмашон бознигарӣ хоҳад шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG