Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кумитаи байнулмилалии олимпӣ тасмим гирифт, ки аъзои "бегуноҳ"-и дастаи мунтахаби варзиши сабуки Русия дар Бозиҳои Олимпии Рио Де Жанейро ширкат кунанд.

Дар ин бора раиси Кумитаи байнулмилалии олимпӣ Томас Бах баъд аз ҷаласаи кумита хабар дод, ки 21 июн дар шаҳри Лозаннаи Швейсария баргузор гардид.

Бино ба тасмими Кумитаи байнулмилалии олимпӣ, мавзӯи иҷозаи ҳузури ҳар варзишгари рус бояд дар алоҳидагӣ баррасӣ шавад – ба Олимпиадаи Рио-де-Жанейро он варзишгарони Русия мераванд, ки аз допинг истифода накарданашонро собит мекунанд.

Аммо аз ҳузур дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Бразилия ҳама афроди дар моҷарои допинг дастдошта, аз ҷумла, мақомоти расмӣ ва мураббиҳо маҳруманд.

Рӯзи ҷумъаи 17 июн Анҷумани байнулмилалии федератсияҳои варзиши сабук ба далели истифодаи допинг аз сӯи варзишгарони рус онҳоро аз имкони ширкат дар бозиҳои Олимпӣ дар Рио де-Жанейро маҳрум кард. Аммо гуфта шуд, ки тасмими ниҳоиро Кумитаи байнулмилалии олимпӣ мегирад.

Моҳи ноябри соли 2015 Оҷонсии байналхалқии зиддидопинг (WADA) дар бораи найрангҳои озмоишгоҳи допингии Москва гузориш дода гуфта буд, ки истифодаи доруҳои манъшуда дар варзиши Русия “ба фарҳанг табдил шуда, давлат ҳам аз он пуштибонӣ мекунад”.

XS
SM
MD
LG