Пайвандҳои дастрасӣ

Дар нишасти Созмони Ҳамкориҳои Шанҳай, ки рӯзи 24 июн дар Тошканд оғоз меёбад, ду кишвари нозир, Ҳиндустон ва Покистон узви комилҳуқуқи ин созмон мешаванд.

Созмони Ҳамкориҳои Шанҳай акнун домани худро то ба Осиёи Ҷанубӣ паҳн мекунад ва ду рақиби қадимӣ, Ҳиндустону Покистонро дар зери як чатр баҳам меорад. Ин ду кишвар, ки дар гузашта нақши нозирро доштанд, акнун узви комиҳуқуқи Созмони ҳамкориҳои Шанҳай мешаванд.

Эълони узвияти онҳо дар нишасти навбатии созмон пахш мешавад, аммо аз ҳоло дар саҳифаи интернетии созмон ин ду кишвар аз раддаи давлатҳои нозир ба қартори кишварҳои узв кӯч бастаанд. Ба ғайри Русиву Чин, ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай кишварҳои собиқи шӯравӣ аз Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон шомиланд.

Коршиносон мегӯянд, ворид шудани Ҳинду Покистон Созмони Ҳамкориҳои Шанхайро обрӯманд мекунад, зеро бо вуҷуди узвияти кишварҳои дигар, ин ташаккули минтақавӣ ҳанӯз ҳамчун эътилофи Русияву Чин шинохта мешавад.

Ба эътиқоди таҳлилгарон, дар чорчӯби Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ҳадафҳои бозигарони аслӣ, Русия ва Чин бароварда шуда, ба мушкилоту масъалаҳои аъзои муқаррарии ин созмон камтар таваҷҷӯҳ мешавад.

Ба гуфтаи Сайид Муҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, таҳлилгари тоҷик, ҳамон тавре ки Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё тарҳи Кремл аст, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай тарҳи Чин ҳисоб меёбад. Аз ин лиҳоз, Чин талош мекунад, дар чорчӯби СҲШ тарҳҳои бузурги худро дар Осиёи Марказӣ амалӣ кунад.

Ҷаноби Дӯстмуҳаммадиён, ба унвони мисол аз тарҳи фарогир бо номи "Роҳи абрешим"-и Чин ном бурд, ки ин кишварро тавассути Осиёи Марказӣ ба Аврупо пайваст хоҳад кард.

Сайид Муҳиддин Дӯстмуҳаммадиён

Сайид Муҳиддин Дӯстмуҳаммадиён

Ӯ гуфт: "На Тоҷикистон, на Қирғизистон дар чорчӯби Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ягон масъалаи худро ҳал карда наметавонанд. Зеро Узбакистон аз шарикони Чин ва аъзои қавии СҲШ буда, ҳар гуна мушкил ё масъалаҳои марбут ба марз, минрӯбӣ, тақсими манобеъи оби минтақа ва тавлиди нерӯи барқ боиси мухолифати ин кишвар хоҳад шуд. Дар натиҷа ин масъалаҳо ҳатто дар доираи СҲШ баррасӣ нахоҳанд шуд".

Ҷаноби Дӯстмуҳаммадиён дар мавриди нуфузи Узбакистон ба Чин ва Созмони Шанҳай гуфт, маҳз баъди эътирози вазорати хориҷаи Узбакистон Чин аз иҷрои тааҳҳудоти худ дар мавриди бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар рудхонаи Зарафшон, дар шимоли Тоҷикистон худдорӣ кард.

Ин таҳлилгар гуфт, ба ин далел вай ба баррасӣ ва ҳалли масоили мубрами минтақаю мушкилоти аъзои он дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанҳай, ки рӯзҳои 23-24 июн дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, хушбин нест.

Абдунабӣ Сатторзода, муовини собиқи вазири хориҷа ва намояндаи миллии Тоҷикистон дар Созмони Шанхай низ гуфт, то ба ҳол дар чорчӯби ин созмон санадҳои бисёре имзо шуда, аммо корҳои амалии чашмгире анҷом нашудааст. Умдатан масоили мавриди баҳси аъзои СҲШ дар музокироти дуҷониба баррасӣ ва ҳал мешавад.

Гуфта мешавад, баҳсҳои марзии Чин бо кишварҳои пасошӯравии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Русия на дар доираи Созмони Шанҳай, балки дар натиҷаи музокироту гуфтушунидҳои дуҷониба баррасӣ ва ҳал шудааст.

Дар ҳамин ҳол, бархе коршиносони байналмилалӣ ва минтақавӣ Созмони Ҳамкориҳои Шанҳайро "ҳамоиши низомҳои худкома" унвон кардаанд, ки дар он масоили марбут ба ҳуқуқи башар, озодии баён ва демократия дар авлавият қарор надоранд.

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси мустақил мегӯяд, кишварҳои узви ин созмонро ҳадафҳо ва манфиатҳои ягона ба ҳам овардаанд. "Ҳадаф ва манфиатҳое, ки кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхайро муттаҳид мекунанд, ба ҳам монанд аст. Яъне, дар навбати аввал манфиати давлат, дар ҷойи дуюм манфиатҳои ҷомеаи маданӣ. Ин идеологияи ҳамаи кишварҳои узви СҲШ аст".

Яъне, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай бо шиори таҳкими амният ва мубориза бо терроризму ифротгаройӣ ба арзишҳои демократӣ, ҳуқуқи инсон ва озодии баён эътибори чандоне намедиҳад. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Сайид Муҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, маҳз дар кишварҳои узви СҲШ аз технологияи мудерни ҷосусии сохти Чин барои зери назорат гирифтани мухолифони сиёсӣ, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва хабарнигорони мустақил истифода мешавад.

Ӯ гуфт, маҳз дар Чин ва Русия, ду бозигари аслии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, мавориди таъқибу азияти мухолифони сиёсӣ, мудофеъони ҳуқуқи башар, маҳдудият дар фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳои мустақил зиёд буда, ин зуҳуроти номатлуб ба аъзои дигари созмон "сироят" кардааст.

Созмони Ҳамкориҳои Шанҳай соли 1996 ибтидо бо номи “Панҷгонаи Шанхай” ва он ҳам дар оғоз танҳо барои ҳалли баҳсҳои марзии Чин бо кишварҳои пасошӯравӣ – Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ташкил ёфт. Ин кишварҳо то соли 2001 аз тариқи ироаи бахше аз қаламравҳои худ баҳсҳои марзиашон бо Пекинро нуқта гузоштанд.

Дар соли 2001 бо пайвастани Узбакистон, нахустин кишваре, ки бо Чин марзи мустақим ва табъан ягон мушкили марзӣ надошт, “Панҷгонаи Шанхай” ба Созмони ҳамкориҳои Шанхай табдили ном кард. Соли 2004 Муғулистон, соле баъд аз он Покистону Ҳинду Эрон ва дар соли 2012 Афғонистон дар Созмони Шанхай соҳиби мақоми нозир шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG