Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Полиси шаҳри бандарии Карочии Покистон 21 июн хабар дод, ки афроди ниқобпӯш писари калонии як мансабдори аршади додгоҳи вилоятро рабуданд.

Мақомот ҳадс мезананд, ки одамрабоён мехоҳанд Увайс Алӣ Шоҳ, писари раиси Додгоҳи олии вилояти Синд Саҷҷод Алӣ Шоҳро ҳамчун гаравгон дар музокирот оид ба раҳоии ситезаҷӯёни исломӣ аз зиндон истифода кунанд.

Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, Увайс Алӣ Шоҳ, ки худ вакили мудофеъ аст, бо одамрабоён даст ба гиребон шуд, аммо онҳо ӯро ба мошини сафед андохта аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд.

Одамрабоӣ аз сӯи гурӯҳҳои ҷиноӣ ва ситезаҷӯён дар Покистон як амри маълумӣ шудааст.

Карочӣ, ки дар он беш аз 20 миллион нафар ба сар мебаранд, солҳо боз дар банди хушунатҳои сиёсӣ, қавмӣ ва мазҳабист.

XS
SM
MD
LG