Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар марз боиси ҳалокати 6 марзбони урдунӣ шуд


Ҳамлаи маргталабона ба як истеҳком марзӣ дар сарҳади Урдун бо Сурия субҳи 21 июн мунҷар ба ҳалокати шаш марзбони урдунӣ шуд.

Мошини ҳомили маводи тарканда каме дуртар аз қароргоҳи паноҳандагони Рокбон, дар ҷое, ки марзҳои Урдун, Сурия ва Ироқ бо ҳам мепайванданд, инфиҷор кард. Мақомоти Урдун мегӯянд, ки мошин аз тарафи Сурия омада буд.

Гуфта мешавад, ки маргталаб мошинро ба девораи истеҳком задааст.

Ба гуфтаи мақомоти Урдун, чанд мошини дигар, ки дар ин ҳамла ширкат доштанд, нобуд карда шуданд. Аммо аз додани ҷузъиёти бештар дар ин бора худдорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG