Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Трамп менеҷери маъракаи интихоботияшро барканор кард


Кори Левандовски ҳамеша дар паҳлӯи Трамп буд

Кори Левандовски ҳамеша дар паҳлӯи Трамп буд

Доналд Трамп, номзади эҳтимолии Ҳизби ҷумҳурихоҳон дар интихоботи раёсатҷумҳурии ИМА менеҷери маъракаи интихоботияш Кори Левандовскиро аз мақомаш бекор кард. Барканории Левандовски, ки ба пирӯзии Трамп дар праймеризҳо дар сартосари кишвар мусоидат кард, дар пасманзари ихтилофи назари ӯ ва мушовирони нави Трамп сурат гирифт. Моҷаро сари он мавзӯъ сурат гирифт, ки чӣ гуна метавон маҳбубияти Трампро миёни интихобкунандагон боло бурд.

Бар пояи маълумоти ниҳодҳои федеролӣ, ки рӯзи 20 июн нашр шуд, аз оғози моҳи июн Трамп барои маъракаи интихоботияш 1.29 миллион доллари нақд ҷамъ овардааст, дар ҳоле, ки сармоягузорон барои маъракаи номзади эҳтимолии демократҳо Ҳилларӣ Клинтон 42 миллион доллар ироа кардаанд.

Моҳи гузашта Трамп барои маъракаи интихоботяш 3,1 миллион доллар ҷамъ оварда буд, маъракаи хонум Клинтон бошад 26 миллион доллар дарёфт карда буд.

20 июн Додгоҳи федеролии ИМА хабар дод, ки як шаҳрванди Бритониё бо иттиҳоми сӯиқасд ба ҷони Доналд Трамп боздошт шудааст – ӯ ҳангоми гирдиҳамоӣ дар Лас-Вегас туфангчаи корманди полисро кашида гирифт ва хост сӯи Трамп тир андозад, вале муваффақ нашуд.

Интихоботи президенти ИМА 8 ноябри соли равон баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG