Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Автобуси сайёҳони словакӣ дар Сербия чаппа шуд


Бар асари суқути автобус дар Сербия панҷ тан аз сайёҳон аз Словакия ба ҳалокат расиданд. Телевизиони давлатии RTS-и Сербия гузориш дод, ки автобус дар як шоҳроҳи Сербия 21 июн дар ҳоле чаппа шуд, ки сайёҳон баъд аз истироҳат дар минтақаи Корфуи Юнон ба Словакия бармегаштанд.

Ҳодиса дар 200-километрии ҷануби шаҳри Белград дар шоҳроҳе рӯӣ дод, ки пойтахти Сербияро бо шаҳри Скопие мепайвандад.

Ҳангоми садама дар автобус 29 мусофир ва ду ронанда ҳузур доштанд. Аз 26 нафари ҷон ба саломатбурда 14 нафар ба наздиктарин бемористон муроҷиат карданд. Тафтиши сабабҳои рӯй додани ҳодиса шурӯъ шудааст.

XS
SM
MD
LG