Пайвандҳои дастрасӣ

Ёқуб Салимов: Дар зиндон биноии як чашмамро аз даст додам (АКСУ ВИДЕО)


Ёқуб Салимов. 21 июни 2016

Ёқуб Салимов. 21 июни 2016

Ёқуб Салимов баъди раҳоӣ аз зиндон дар як суҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, дар 13 соли давраи адои ҷазояш биноии яке аз чашмонашро аз даст додааст. Ӯ гуфт, "дар утоқе, ки нигоҳдорӣ шудам, бояд як зиндонӣ панҷ сол биистад ва ба утоқи дигар интиқол ёбад. Аммо ман 13 сол дар як ҷой нишастам. Биноии як чашмамро пурра гум кардам."

Вазири пешини корҳои дохилии Тоҷиикстон гуфт, бо вуҷуди мушкили чашм дар зиндон дар маҷмуъ, 3 ҳазор китоб хондааст. "Инҳо китобҳои таърихӣ буданд, сиёсӣ буданд. Инчунин, тамоми матбуоти давриро мехондам ва аз ҳодисаҳои дохилу хориҷ хуб огоҳ ҳастам," – афзуд ӯ.

Ёқуб Салимов гуфт, мехоҳад тайи як ҳафтаи оянда саломаташро барқарор карда, баъдан барои ҷавоб гуфтан ба суоли хабарнигорон омодагӣ гирад. Ӯ гуфт, "ҳар саволе ҳаст, хаттӣ бидиҳед, посух мегӯям." Аз ин пеш ​Абубакр Салимов, писари Ёқуб Салимов, ба Озодӣ гуфта буд, ки вазъи саломати падараш "чандон хуб нест" ва ӯ барои ба худ омадан ба вақт зарурат дорад.

Навори видео инҷост:

Ёқуб Салимов, вазири собиқи корҳои дохилӣ, сафири собиқи Тоҷикистон дар Туркия ва аз фармондеҳони пешини Фронти Халқӣ, баъди 13 соли боздошту зиндонӣ шуданаш субҳи барвақти 21 июн озод гардид. Наздиконаш мегӯянд, ки ӯро соати панҷи саҳари сешанбе ба хонаашон овардаанд ва ҳоло ӯ дар ҳалқаи хешутабораш хушҳолӣ дорад.

Ёқуб Салимов сенгздаҳ соли пеш, дар ҳамин рӯз, дар Маскав боздошт шуда, соли 2005 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон бо айби "бандитизм", "хиёнат ба ватан", "нигоҳдорӣ ва тиҷорати силоҳ" ва "сӯистифода аз мансаб" ба понздаҳ соли зиндон маҳкум шуд. Дар пайи татбиқи қонуни афв дар соли 2011, ду сол аз мӯҳлати адои ҷазои ӯ кам гардид.

Ёқуб Салимов яке аз фармондеҳони бонуфузи Фронти Халқӣ буд, ки баробари ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар иҷлоси 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон дар соли 1992, ба мақоми вазири умури дохилии Тоҷикистон таъин шуд.

Соли 1997 Ёқуб Салимов президент Раҳмонро аз як ҳамла дар Хуҷанд наҷот дод ва муддатҳо дар доираи афроди бонуфузи Тоҷикистони баъд аз низоъ буд. Ӯ соли аз 1992 то 1997 ба ҳайси вазири умури дохилии Тоҷикистон кор карда, баъдан намояндаи кишвар дар Туркия буд. Баъди боздошту зиндонӣ шуданаш Ёқуб Салимов аз тамоми рутбаҳои низомӣ ва ҷоизаҳои давлатияш маҳрум гардидааст.

Аксҳои бештар:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG