Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Ашан” дар Тоҷикистон ба истифода дода хоҳад шуд


Фурӯшгоҳи бузурги “Ашан” баъд аз зуҳри 21 июн дар Душанбе ба истифода дода хоҳад шуд. Манобеи Озодӣ мегӯянд, ки ин маркази бузурги тиҷоратиро раисиҷумҳури Тоҷикистон ифтитоҳ мекунад.

Фурӯшгоҳи “Ашан”, ки 5 ҳазор метри мураббаъро дар бар мегирад, 12 ҳазор номгӯи маҳсулотро метавонад якбора дар рафҳои худ ҷой кунад. Қаблан масъулони фуруӯшгоҳ гуфта буданд, ки молу маҳсулоти асосии ин фурӯшгоҳ аз ширкатҳои Русия ва Фаронса ба Тоҷикистон оварда мешавад.

Ин маркази тиҷоратӣ дар шаҳри Душанбе аз чор ошёна иборат буда, дар табақаи аввали он истгоҳи нақлиётӣ ҷойгир аст. Дар табақаҳои дувуму севум молу маҳсулот ба савдо бароварда мешавад ва табақаи чорум аз дафтару идораҳо иборат мебошад. Тавре ба Озодӣ гуфтанд, дар ин марказ танҳо нафароне ба кори савдо ҷалб мешаванд, ки ихтисоси соҳаи савдоро дошта бошанд.

XS
SM
MD
LG