Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Абдулло Ҳабибӣ вазири дифои Афғонистон таъин шуд


Генерал Абдулло Ҳабибӣ

Генерал Абдулло Ҳабибӣ

Парлумони Афғонистон рӯзи 20 июн пешниҳоди раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ дар бораи номзадҳо ба мақоми вазири дифоъ ва раҳбари Раёсати миллии амнияти кишварро пазируфт. Ин ду мақом моҳҳо боз "бесоҳиб" буданд, дар ҳоле, ки ҳукумат ба ҳамлаи густурдаи толибон мувоҷеҳ шудааст.

Вакилони парлумон аз номзадии Абдулло Ҳабибӣ дар мақоми вазири дифоъ пуштибонӣ карданд. Ҳабибӣ қаблан як тан аз раҳбарони ин вазоратхона буд.

Дар курсии раиси Раёсати миллии амнияти Афғонистон Муҳаммад Маъсум Станакзай нишаст. Раисиҷумҳур чанд моҳ пеш Станакзайро ба мақоми вазири дифоъ пешбарӣ карда буд, аммо парлумон пешниҳодашро напазируфт.

XS
SM
MD
LG