Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идрисов: Ҳамлаи Оқтеппа бо даъвати "Давлати исломӣ" сурат гирифт


Ерлан Идрисов
Ерлан Идрисов

Ерлан Идрисов, вазири умури хориҷии Қазоқистон, изҳор намуд, ҷинояткороне, ки рӯзи 5 июн ба ду мағозаи силоҳ ва қисми низомӣ дар шаҳри Оқтеппа ҳамла карда буданд, пас аз муроҷиати раҳбари гурӯҳи “Давлати исломӣ” даст ба ин иқдом задаанд.

Вазири қазоқ рӯзи 20 июн гуфт, ҳамлаҳо ба як даъвати интернетии Абӯ Муҳаммад ал-Аднонӣ рабт доранд, ки аз ҷонибдоронаш дар сартосари ҷаҳон хоста буд дар моҳи шарифи Рамазон аз ҳамлаҳои шадид кор бигиранд. Ба гуфтаи Ерлан Идрисов, ҳамаи онҳое, ки ҳамлаҳо дар Оқтеппаро роҳандозӣ карда буданд, гӯш ба ҳарфи ал-Аднонӣ дода буданд.

Ба гуфтаи вазири қазоқ, даъват ба хушунат дар арафаи моҳи шарифи Рамазон худ баёнгари то куҷо ваҳшиёна будани идеологияи гурӯҳи “Давлати исломӣ” аст.

Рӯзи 5 июн як гурӯҳи мусаллаҳ ба ду мағозаи фурӯши силоҳ ва як қисми низомии Горди миллии Қазоқистон дар шаҳри Оқтеппа ҳамла кард. Дар натиҷаи ин ҳамла ва амалиёти вижае, ки аз сӯи нерӯҳои амниятӣ сурат гирифт, ба иттилои расмӣ, дасти кам 25 нафар ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG