Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Эрон мегӯянд, ки аз чанд ҳамлаи террористӣ аз сӯи ҷонибдорони гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҷилавгирӣ кардаанд.

Алӣ Шамхонӣ, раиси Шӯрои амнияти миллии Эрон, рӯзи 20 июн ба хабаргузории ИСНА гуфт, ки як гурӯҳ ҷонибдорони “Давлати исломӣ” дар Теҳрон бо иттиҳоми таҳияи ҳамлаҳои террористӣ дар чанд минтақаи кишвар боздошт шуданд. Ба ин гурӯҳ ифротгароҳои суннимазҳаб шомил буданд, ки ба мазҳаби шиа нафрат доранд, гуфтааст Алӣ Шамхонӣ.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, моҳи марти соли равон изҳор намуд, ки ҷанги гурӯҳи “Давлати исломӣ” алайҳи мусалмонҳои шиа наслкӯшӣ ё генотсид аст. Маҷлиси намояндагони ИМА ҳам моҳи март амалкарди ин гурӯҳи тундрав алайҳи баъзе аз гурӯҳҳои қавмиву мазҳабиро “генотсид” номида буд.

XS
SM
MD
LG