Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозпурсии фармондеҳони таслимшудаи "Толибон" дар Покистон


Раҳбари пешини толибони Покистон Ҳакимуллоҳ Меҳсуд (дар мобайн)

Раҳбари пешини толибони Покистон Ҳакимуллоҳ Меҳсуд (дар мобайн)

Кормандони хадамоти амнияти Покистон рӯзи 20 июн шаш фармондеҳи аршади толибонро бозпурсӣ карданд. Ин фармондеҳон худро ба низомиёни артиш дар минтақаи қабиланишини Куррам таслим карданд.

Ба гуфтаи мақомоти амниятӣ, миёни таслимшудагон Эъҷоз Меҳсуд ва Хайр Муҳаммад Меҳсуд, бародар ва тағои раҳбари пешини толибони Покистон Ҳакимуллоҳ Меҳсуд ҳам ҳастанд.

Бозпурсии фармондеҳон дар пойгоҳи низомӣ дар шаҳри Дараи Исмоил Хон, воқеъ дар Вазиристони ҷанубӣ, сурат гирифт. Дар бораи натиҷаҳои бозпурсӣ алҳол иттилоъ дода нашудааст.

Куррам бо вилоятҳои ноороми Афғонистон – Нангарҳор, Пактиё ва Хуст ҳаммарз аст.

Ҳакимуллоҳ Меҳсуд моҳи ноябри соли гузашта бар асари зарбаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ дар Вазиристони шимолӣ кушта шуда буд. Баъд аз марги ӯ бародараш Эъҷоз ба гурӯҳи Саҷна пайваст, ки аз гурӯҳи мамнӯи Таҳрики Толибони Покистон ҷудо шудааст.

XS
SM
MD
LG