Пайвандҳои дастрасӣ

UNHCR: Соли гузашта 65,3 миллион нафар овора шудаанд


Паноҳандагоне ки зимистон вориди Олмон шуданд (Акс аз бойгонӣ)

Паноҳандагоне ки зимистон вориди Олмон шуданд (Акс аз бойгонӣ)

Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон (UNHCR) мегӯяд, ки соли 2015 теъдоди рекордии одамон бар асари низоъҳо манзилҳои худро тарк намуданд. Бино ба гузориши солонаи ин ниҳод, ки рӯзи 20 июн нашр шуд, идомаи ҷангҳо дар Афғонистон ва Сурия соли гузашта 65 миллиону 300 ҳазор нафарро бехонумону овора кард.

Соли 2014 теъдоди афроди овораву беҷошуда тақрибан 60 миллион нафар буд ва ин рақами рекордӣ пас аз хатми ҷанги дуввуми ҷаҳон маҳсуб мешуд.

Дар гузориши Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон гуфта шудааст, ки соли гузашта ба ҳисоби миёна ҳар дақиқа 24 нафар ва ҳар рӯз 34 ҳазор кас барои тарки манзили худ маҷбур шуданд.

Муаллифони гузориш аз раҳбарони Аврупо ва дигар кишварҳо даъват карданд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз идомаи ин раванд барои хатми ҳарчӣ зудтари ҷангҳо талош кунанд.

Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон ҳамчунин ҳушдор додааст, ки бӯҳрони муҳоҷират дар Аврупо ҳамчунин боиси боло рафтани сатҳи нажодпарастӣ дар ин қора шудааст.

XS
SM
MD
LG