Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати умури дохилии Афғонистон дар бораи кушта шудани 14 муҳофиз аз Непал бар асари ҳамлаи маргталабонаи як ситезаҷӯи “Толибон” дар шаҳри Кобул хабар дод. Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи вазорат гуфт, дар ин ҳамла, ки субҳи барвақти 20 июн рӯй дод, ҳашт нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Яке аз захмиён ба хабаргузории Ассошиэйтед Пресс гуфт, ки муҳофизон аз Непал барои таъмини амният дар сафорати Канада сафарбар шуда буданд. Дар ҳоле, ки муҳофизон аз қароргоҳашон дар канори шоҳроҳи Кобул-Ҷалолобод берун шуда савори микроавтобус мешуданд, маргталаб пойи пиёда ба онҳо наздик шуд ва маводи таркандаро инфиҷор кард.

Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки микроавтобус ба як ширкати хориҷии амниятӣ тааллуқ дошт ва аммо аз ифшои номи ширкат худдорӣ карданд.

Сухангӯи ҷунбиши «Толибон» Забеҳуллоҳ Муҷоҳид тасдиқ кард, ки ҳамларо узви ин гурӯҳ анҷом додааст. Ӯ дар Твиттер навишт, ки ҳадафи ҳамлаи маргталаб «ишғолгарони хориҷӣ» буданд.

XS
SM
MD
LG