Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шумори ҳалокшудагон дар Русия ба 14 расид


Сямозеро

Сямозеро

Бар асари ғарқ шудани ду киштӣ дар кӯли Сямозеро дар ҷумҳурии Карелияи Русия дар наздикии марзи Финландия дастикам 14 нафар, бо шумули 13 кӯдак ва мураббии онҳо, ҷон бохтаанд. Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, ҷасади ин 14 бошандаи як урдугоҳи тобистонаро рӯзи 19 июн аз об берун кашидаанд. Екатерина Биктимирова, як масъули вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Карелия гуфт, “гурӯҳи иборат аз 49 нафар рӯзи шанбе барои қаиқронӣ рафта буданд ва шаби гузашта дӯчори тӯфон шуданд.” Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин дар Твиттер навишт, ки кӯдакони ҳалокшуда зоҳиран аз пойтахти Русия ва атрофи он буданд. Интерфакс хабар дод, ки яке аз мураббиён аз сӯи пулис барои бозпурсӣ боздошт шудааст.

XS
SM
MD
LG