Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фармондеҳи "Толибон" дар марзи Тоҷикистон кушта шуд


Як фармондеҳи аршади Толибон дар ноҳияи бо Тоҷикистон ҳаммарзи Дашти Арчии вилояти Қундузи Афғонистон кушта шудааст. Вазорати корҳои дохилаи Афғонистон хабар дод, ки шоми шанбе дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ дар ҳудуди рустои Таракӣ 8 толиби мусаллаҳ, бо шумули як фармондеҳи муҳими ин гурӯҳи тундрав Қорӣ Алӣ ба ҳалокат расиданд. Мақомоти афғон гурӯҳи Қорӣ Алиро ба анҷоми як силсила ҳамлаҳои террористӣ дар ҳудуди Қундуз айбдор мекунанд. Ҷангҷӯёни Толибон дар тирамоҳи соли гузашта барои чанд рӯз маркази вилояти Қундузро тасарруф карданд. Ба нирӯҳои давлатӣ танҳо бо кумаки нирӯҳои Амрико ва эътилоф муяссар шуд, ки ҷангҷӯёнро аз Қундуз берун кунанд. Вале толибҳо то ҳол дар дастикам 4 ноҳияи ин вилоят, аз ҷумла дар ноҳияҳои бо Тоҷикистон ҳаммарзи Чордара, Имом Соҳиб, Дашти Арчӣ, Қалъаи Зол ҳузури қобили мулоҳиза доранд.

XS
SM
MD
LG