Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тавофуқи муҳими Русияву Амрико дар мавриди Сурия


Игор Конашенков

Игор Конашенков

Русия рӯзи 19 июн гуфт, ки бо Амрико ҷиҳати беҳтар кардани ҳамоҳангии амалиётҳои низомиашон дар Сурия ба тавофуқ расидаанд. Пентагон як рӯз қабл низомиҳои Русияро ба ҳадаф қарор додани нирӯҳои мухолифини таҳти ҳимояти Амрико дар ҷануби Сурия айбдор кард. Вазорати дифои Русия рӯзи якшанбе гуфт, мақомҳои низомии ду кишвар дар як конфаронси видеоӣ тавофуқ кардаанд, ки амалиётҳои худро дар Сурия хубтар ҳамоҳанг кунанд. Вошингтон ҳанӯз ин хабарро шарҳ надодааст. Сухангӯи вазорати дифои Русия Игор Конашенков гуфт, минтақаи рӯзи 16 июн ҳамлашуда аз манотиқе, ки Амрико ҳамчун қаламравҳои таҳти назорати нирӯҳои мухолифин нишон додааст, 300 километр дуртар буд. Рӯзи 18 июн вазири дифои Русия Сергей Шойгу аз Сурия боздид ва ҳамкории низомии ду кишвар “дар амри набард бо созмонҳои террористӣ дар хоки Сурия”-ро баррасӣ кард.

XS
SM
MD
LG