Пайвандҳои дастрасӣ

Охирин маҳбуси фирориро аз байн бурданд


Рамзуллохон Додохонов

Рамзуллохон Додохонов

Рамзуллохон Додохонов – охирин нафар аз се маҳбусе, ки шоми 17 июн аз маҳбаси рақами сеи шаҳри Хуҷанд фирор карданд, рӯзи 19 июн дар ҳудуди ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кушта шуд. Шариф Назарзода, раҳбари раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Додохонов ба мақомот муқовимат нишон дод ва дар натиҷаи оташи ҷавобӣ ба ҳалокат расид. Аз се тане ки шоми ҷумъа қасди фирор карданд, Мирзозариф Қаюмов ҳангоми фирор кушта ва Ҳабибҷон Юсуфов дар пайи захмӣ шуданаш дастгир шуда буд. Аммо ин се маҳбус ҳангоми фирор Ёрмамад Алимамадов, раҳбари бахши тарбияи маҳбаси рақами серо куштанд. Ҷанозаи Алимамадов рӯзи 19 июн дар Хоруғ ба хок супурда шуд.

Тафсилоти фирори маҳбусон инҷост:

Маҳбуси фирорӣ кушта шуд

XS
SM
MD
LG