Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нирӯҳои Ироқ баъди ба даст овардани Фаллуҷа ҷабҳаи навро дар наздикии шаҳри Мосул – бузургтарин шаҳри таҳти назорати ҷангҷӯёни созмони тундрави “Давлати исломӣ” боз кардаанд. Мосул, ки ду сол боз дар дасти ҷангҷӯён қарор дорад, дар амал “пойтахт”-и созмони “Давлати исломӣ” дар Ироқ ба шумор меравад. Мақомоти амниятӣ гуфтанд, ки нирӯҳои зиддитеррор ва ду дивизияи артиши Ироқ рӯзи 18 июн аз шаҳри Бойҷӣ дар шимоли Мосул ба сӯи фурудгоҳи воқеъ дар наздикии Қаёра ҳаракат кардаанд. Нирӯҳои Ироқ мехоҳанд аз ин пойгоҳи ҳавоӣ ба ҳайси замина барои тасарруфи Мосул истифода кунанд.

Ифтитоҳи ҷабҳаи нав дар самти Мосул дар ҳолест, ки нирӯҳои Ироқ баъди 4 ҳафтаи амалиёт субҳи 18 июн вориди маркази Фаллуҷа шуданд. Ин шаҳр аз миёнаҳои соли 2014 дар дасти “Давлати исломӣ” қарор дошт.

XS
SM
MD
LG