Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи олимпӣ ҳам аз Русия пуштибонӣ накард


Кумитаи байналмилалии олимпӣ гуфт, аз қарори Иттиҳодияи байналмилалии варзиши сабук (IAAF) дар бораи роҳ надодани тими Русия ба мусобиқоти байналмилалӣ, аз ҷумла ба бозиҳои олимпии моҳи август дар Рио-Де-Жанейро “пурра пуштибонӣ мекунад.” Кумитаи олимпӣ гуфт, масъалаи ширкати варзишгарон дар ҳар навъ сабқати байналмилалӣ, аз ҷумла дар Бозиҳои олимпӣ дар салоҳияти федеросиюнҳост. IAAF ҳанӯз моҳи ноябр дар пайи нашри гузориши Оҷонсии ҷаҳонии зидди допинг (WADA) дар бораи истифодаи фаровони допинг ва даст доштани давлат дар ин амалҳо ширкати тимҳои варзиши сабуки Русияро дар сабқатҳои байналмилалӣ мутаваққиф карда буд. Ин иттиҳодия рӯзи 17 июн гуфт, Русия дар ислоҳи ин бадномӣ “пешрафти хуб” кардааст, вале ҳанӯз ҳам ҷавобгӯи шароите нест, ки ширкаташ дар сабқатҳои байналмилалӣ барқарор шавад. Дар посух президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки IAAF аз шеваи “муҷозоти коллективӣ” кор бурдааст, ки ба варзишгарони ҳалолкор низ зарба мезанад. Вазорати варзиши Русия гуфт, “орзуи шумори зиёди варзишгарони мо ба иллати рафтори нохуби чанд варзишгару мураббӣ хароб шуд.”

XS
SM
MD
LG