Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешгирӣ аз ҳамлаи нави террористӣ дар Белгия


Пулиси Белгия. Акс аз бойгонӣ
Пулиси Белгия. Акс аз бойгонӣ

Нирӯҳои амниятии Белгия шаби гузашта дар ҷараёни ҷустуҷӯи чандин манзил дар саросари кишвар 12 нафарро бо иттиҳоми омодагӣ ба анҷоми ҳамлаи террористӣ дастгир кардаанд. Додситонии Белгия рӯзи 18 июн гуфт, дар маҷмӯъ 40 нафарро барои бозпурсӣ боздошт карданд ва аз ин шумор 12 нафарро ба ҳабс гирифтаанд. Кишварҳои зиёди Аврупо дар рӯзҳои баргузории қаҳрамонии футболи ин қора дар Фаронса дар ҳолати омодабоши амниятӣ қарор доранд. Телевизиони ҷамъиятии Белгия - VTM – хабар дод, ки ҳабсшудаҳо ба қасди анҷоми ҳамла дар Брюссел дар поёни ҳамин ҳафта айбдор мешаванд. Моҳи март бар асари таркишҳои бомбгузорони маргталаби исломгаро дар фурудгоҳ ва ду истгоҳи метрои Брюссел 32 нафар кушта шуданд. Ин ба думболи ҳамлаҳои ҳамоҳангшудаи моҳи ноябри тундравони исломгаро дар Порис буд, ки 130 кушта ба ҷо гузошт. Чандин тан аз омилони ҳамлаҳои Порис дар Белгия ба сар мебурданд.

XS
SM
MD
LG