Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин сипари Амрикоро "хатари бузург" номид


Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин сипари зиддимушакии Амрико дар Аврупои шарқиро “хатари бузург” номид ва аҳд супурд, ки Маскав ба ин сипар бо тақвияти иқтидори мушакиаш посух хоҳад дод. Паймони низомии НАТО мегӯяд, ин сипар табиати дифоӣ дорад ва ҳадафаш аз ҷумла гирифтани пеши роҳи ҳамлаҳои мушакии эҳтимолии Эрон аст. Аммо Путин гуфт, ин сипарро метавон ба осонӣ ба шабакаи таҳоҷумие, ки метавонад алайҳи Русия истифода шавад, табдил дод. Путин, ки рӯзи 17 июн дар нишасти раҳбарони ҷадиди дунё дар Санкт-Петербург сӯҳбат мекард, гуфт, таҷҳизоте ки насб мешаванд, барои мушакҳои “Томаҳавк” истифода мешаванд ва “ин “Томаҳавк”-ҳоро метавонанд дар зарфи ҳамагӣ чанд соат инҷо бигузоранд ва он дигар танҳо дастгоҳи назорати мушакҳо нахоҳад шуд.” Амрико мехоҳад дар Полша дастгоҳи назорати мушакҳоро бино кунад, вале Маскав чандин сол боз ин сипари мушакиро таҳдид ба амнияти худ шинохта, ба бунёди он мухолифат нишон медиҳад.

XS
SM
MD
LG