Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаи варзиши сабуки Русия ба Олимпиада намеравад


Дастаи мунтахаби варзиши сабуки Русия дар Бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Рио-де- Жанейрои Бразилия ширкат нахоҳанд каод. Дар ин бора Шӯрои Анҷумани байнулмилалии федератсияҳои варзиши сабук рӯзи 17 июн дар нишасташ дар шаҳри Вена тасмим гирифт.

Чанд рӯз қабл аз раъйдиҳӣ Оҷонси ҷаҳонии зиддидопинг изҳороте нашр кард, ки дар он дар бораи дар соли 2016 аз сӯи Русия иваз кардани натиҷаи озмоишҳои допингӣ ва бо ҳар баҳонае аз 736 озмоиши допинги варзишгарони рус ҷилавгирӣ кардан иттилоъ дода шудааст.

Тасмим дар бораи ширкати дигар варзишгарони мунтахаби Русия дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро рӯзи 21 июн дар нишасти Кумитаи байнулмилалии олимпӣ дар шаҳри Лозанна гирифта мешавад.

XS
SM
MD
LG