Пайвандҳои дастрасӣ

Брюссел таҳримҳо алайҳи нимҷазираи Қримро тамдид кард


Иттиҳодияи Аврупо таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи нимҷазираи Қрими Украинаро, ки соли 2014 аз сӯи Русия ишғол шудааст, то 23 июни соли 2017 тамдид кард. Дар ин бора рӯзи 17 июн дар нишасти Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Люксембург тасмим гирифта шуд.

Бастаи таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо – вориди маҳсулот аз Қрим бидуни сертификати украинӣ, манъи ҳамкориҳо бо нимҷазира дар бахшҳои нақлиёт, мухобирот ва энерҷӣ, аз ҷумла, дар истихроҷи нафту газро дарбар мегирад.

Ширкатҳои Иттиҳодияи Аврупо ҳақ надоранд, ки ягон соҳа ваё ширкатҳои нимҷазираи Қримро сармоягузорӣ кунанд.

Таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо ду сол пеш, баъд аз илҳоқи нимҷазираи Қрим аз сӯи Русия, ҷорӣ шуда буданд ва ҳар сол аз сӯи 28 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо тамдид карда мешавад.

Қарор аст, ки сафирони Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 21 июн мавзӯи тамдиди таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Русияро барои шаш моҳи оянда баррасӣ кунанд. Дар мавриди тамдиди таҳримҳо дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо рӯзҳои 28-29 июн тасмим гирифта хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG