Пайвандҳои дастрасӣ

Сел дар Ашт даҳҳо манзилро тахриб кард


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Бар асари боришоти зиёд ва фаромадани сел, 35 манзил дар ноҳияи Ашт комилан тахриб шуданд. Ҳамчунин бар асари селхезӣ дар деҳаи Ашти ҳамин ноҳия, ки 3 ҳазор хоҷагӣ бебарқ мондаанд. Дар ҳоли ҳозир ҳамчунин бар асари селхезӣ, роҳ ба сӯи ду мактаби миёна масдуд шуда ва ҷараёни имтиҳонсупорӣ қатъ шудааст.

Як корманди шӯъбаи умумии ҳукумати ноҳияи Ашт рӯзи 17-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, тақрибан дар соати 14:00-и рӯзи панҷшанбе бар асари боришот оби наҳри деҳаи Ашт аз соҳил баромада, манзилҳои зист, пояҳои барқ, мошинҳои сабукрав, роҳҳои мошингарди миёни деҳотро хароб кардааст.

Вай гуфт, субҳи рӯзи ҷумъа раиси ноҳия аз деҳаҳои Ашт, Ғудос ва Пунук, Даҳана Навбунёду Дӯстӣ ва Навгардан дидан намуда ва бо мардуми осебдида сӯҳбат кардааст. Бар асоси иттилои мақомоти ҳукумати ноҳияи Ашт, сел 35 хонаро комилан тахриб карда, 7 мошинаи сабукрави сокинониро тахриб намуда ва 12 километр роҳи мошингарди миёни деҳотро вайрон кардааст.

Фарҳод Раҳматуллоев, сокини деҳаи Ашти ноҳияи Ашт мегӯяд, сел роҳ ба мактабҳои миёна рақами 14 ва 25-ро комилан масдуд кардааст ва талабагон, ки дар айни имтиҳонсупорӣ қарор доранд, наметавонанд ба мактабҳо роҳ ёбанд. Аҳмад Сафаров, сокини деҳаи Навбунёд мегӯяд, ки фақат дар деҳаи онҳо 7 манзили зист хароб шуда ва бештар заминҳои кишти мардум зарари дидаанд Вай мегӯяд, онҳое, ки хонаҳояшон вайрон шудааст, шабро дар манзили хешу наздиконашон рӯз кардаанд.

XS
SM
MD
LG