Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парчами Ироқ болои маъмурияти Фаллуҷа насб шуд


Нерӯҳои ироқӣ бинои маъмурияти шаҳри Фаллуҷаро аз ситезаҷӯёни гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” озод карданд. Хабаргузории Reuters рӯзи 17 июн бо такя ба изҳороти вазорати дифои Ироқ иттилоъ дод, ки сарбозони ҳукумати парчами Ироқро дар боми бино насб карданд ва ҳамла ба мавқеъҳои “Давлати исломӣ” дар дигар маҳаллаҳои шаҳрро идома медиҳанд.

Фармондеҳи полиси федеролии Ироқ Райёд Шокир Ҷавдат дар сӯҳбат бо France-Presse изҳор намуд, ки зери назорат гирифтани минтақаи ҳукуматӣ дар Фаллуҷа - чархиши муҳим дар амалиёт барои озод кардани ин шаҳр аст.

Ҳайати фармондеҳии артиши Ироқ мегӯяд, ки дар ҷараёни ҳамла ба маркази шаҳри Фаллуҷа нерӯҳои ҳукуматӣ ба муқовимати заъифи ситезаҷӯён рӯ ба рӯ шуданд.

Амалиёт барои озод кардани Фаллуҷа 22 майи соли равон шурӯъ шуд. Дар ин амалиёт ба нерӯҳои ҳукуматӣ шибҳанизомиёни шиа ва ҳавопаймоҳои ҷангии Эътилофи таҳти фармони ИМА кӯмак мекунанд.

Фаллуҷа аз моҳи январи соли 2014 таҳти назорати гурӯҳи “Давлати исломӣ” аст.

XS
SM
MD
LG